Ссылки доступа

Рӯйхати муҳоҷирони ҳалокшудаи Ӯзбекистон дар Қазоқистон нашр шуд


Мақомоти Ӯзбекистон рӯйхати пешакии беш аз 50 шаҳрванди ин кишварро, ки 18 январ дар пайи оташ гирифтани автобуси мусофирбар дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҷон бохтанд, нашр кард.

Рӯйхат дар сомонаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон нашр ва дар он ному насаби 31 қурбонӣ оварда шудааст. Бештари онҳо сокинони вилояти Намангонанд. Ҷамъан дар натиҷаи оташ гирифтани автобус 52 нафар ҳалок шуда, 5 тани дигар, бо шумули ронанда наҷот ёфтанд.

Ҳайати Ӯзбекистон бо раҳбарии вазири ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар Рустам Ҷураев шоми панҷшанбе вориди Оқтеппа шуд. Худи он шаб аъзои комисияи байниидоравии ҳукуматӣ ва мақомоти маҳаллӣ бо ҳайати Ӯзбекистон амалҳои муштараки минбаъдаи худро баррасӣ карданд.

Мақомоти Оқтеппа имрӯз хабар доданд, ки ҷасади 52 нафари ҳалокшудаҳо ба ин шаҳр интиқол ёфта, ташхиси судиву тиббӣ ҳанӯз идома дорад. Табибон мегӯянд, шиносоии шахсияти қурбониён ба далели сахт сӯхтани ҷасадҳо мушкил аст.

XS
SM
MD
LG