Ссылки доступа

Human Rights Watch: вазъи ҳуқиқи инсон бадтар шудааст


Сарфи назар аз шикасти чанд сиёсатмадори авомфиреб дар соли гузашта, роҳбарони бештари кишварҳо мисли пешин аз "номи мардум" ҳарф мезананд ва сиёсати худро дар асоси таъқиби ақалиятҳо, ҳамла зидди баробарии ҳуқуқи инсонҳо бунёд мекунанд, омадааст дар гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch.

Ба навиштаи созмон, вазъи ҳуқиқи инсон ба он далел зина ба зина бад шуд, ки кишварҳои пешгоми демократӣ дар соли 2017 бештар ба масоили дохилии худ машғул буданд. Ин хомӯшӣ ба низомҳои худкома кумак кард, ки фазои иттилоотиро бо мавзуҳои тундгароӣ пур ва ҳуқуқи инсону озодии баёнро дар дохили кишварҳояшон поймол созанд.

Муаллифони гузориш менависанд, дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар аз 150 фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқе нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳукуматро танқид мекарданд. Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ аз 90 ҳодисаи шиканҷа дар солҳои 2016-17 хабар медиҳад.

Ҳамчунин фирори 20 рӯзноманигор аз кишвар ба хориҷ дар пайи таъқибу таҳдидҳо расонаӣ шудааст. Human Rights Watch менависад, мақомоти Тоҷикистон ҳадафмандона дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд мекунанд, онҳое, ки ба сомонаҳои "номақбул" сар мезананд, муҷозот мешаванд. Ҳамчунин рӯйхати китобҳое тартиб дода шудааст, ки воридоту содироташон ба кишвар ё аз кишвар ба хориҷ манъ аст.

Дар Озарбойҷон низ соли 2017 фишор ба мунаққидон бештар шуда, на камтар аз 25 рӯзноманигор ва фаъоли сиёсӣ бо баҳонаҳои гуногун зиндонӣ шуданд, омадааст дар гузориш.

XS
SM
MD
LG