Ссылки доступа

Корхона барои занони маҳбус дар Хуҷанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: мансабдорони Қазоқистон намехоҳанд даромадҳояшонро ошкор кунанд. Мансабдорони қазоқ аз қабули қонун дар бораи ошкор кардани дороиҳо худдорӣ мекунанд. Сокинони бархе ноҳияҳои Бишкек оби техникӣ меошоманд, вале бо ин вуҷуд қаноатманданд (видео аз Директ)

- Ба ҷойи бурқа чакану атлас? Фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон. Дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикиро Аёмиддин Мирҳиҷириён, як тоҷири афғонистонӣ ду моҳи пеш таъсис дод (видео аз Директ)

- Ҳалокати 5 нафар дар ҳамла ба меҳмонхонаи Кобул. Субҳи 21-уми январ даргирӣ миёни гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар як меҳмонхона дар Кобул идома кард. Дар ин ҳодиса 5 ғайринизомӣ ва 3 ҳамлавар кушта шуданд (видео)

- Мулло Ҳайдар Шарифзода дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон. Имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва аз рӯҳониёни шинохта, аз фазои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард. Ӯ охири ҳафтаи гузашта дар як суҳбати кӯтоҳи видеоӣ гуфт, интиқоди баъзе афроду созмонҳои байналмилалӣ дар бораи маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар кишвар дуруст нест (видео)

- Вазири молия ва раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон иваз шуданд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ аз мақоми худ озод ва, бино ба қарори ҳукумат, "ба вазифаи дигар гузаштааст". Мансаби нави Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба ҳол маълум нест (видео)

- Корхона барои занони маҳбус дар Хуҷанд. Занони собиқи зиндонӣ дар пайи ду соли кору талош, коргоҳи дӯзандагии худро аз утоқи танги манзили зист ба бинои бузургтар кӯчониданд ва ҳоло орзу доранд корхонаи хусусии худро бунёд кунанд. Зоҳиран ин як корхонаи муқаррарии дӯзандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аст (видео)

- Мушовири сафири Ӯзбекистон дар бораи фоҷиаи Оқтеппа (видео)

- Саргузашти аруси дуздидашуда. Саҳнаи бе овоз. Дар Алмато намоиши ғайриоддӣ баргузор шуд, ки бе ҳеч ҳарфу ҳиҷо саргузашти аруси дуздидашуда, ранҷҳо ва вокуниши атрофро нисбати вай баён кард (видео аз Директ)

- «Чаро духтурони мо ба гадо табдил шуданд?»​. (видео)​

- Дар Ҳолливуд рассомони рус Осорхонаи фиребо таъсис доданд (видеои Настоящее время)

- Трамп як сол дар қудрат: дастовардҳо ва нокомиҳои 45-умин президенти ИМА (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG