Дар ин матлаб аз 21 январ омадааст, “бештари тоҷиконе, ки бо роҳнамоии ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия иштирок кардаанд, кушта шудаанд ва бояд гуфт, ки кафорати хуни онҳо дар гардани роҳбарияти ҳизб аст".
Дар бораи таърихи ҲНИТ низ, ки моҳи сентябри соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд, маълумоти мухтасаре дода шудааст. Сипас муаллиф ному насаби онҳоеро овардааст, ки ба иддаои ӯ, бо роҳнамоии аъзои ҲНИТ ба Сурия рафтаанд.
Аз ҷумла номи Сайфиддин Тоҷибоев, сокини 35-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд оварда шудааст, ки ба гуфтаи муаллифи матлаб, сардори бахши ноҳиявии ҳизби наҳзат буда, ҳоло яке аз саркардаҳои созмони террористии “Ҷабҳат-ун-Нусра” дар Сурия аст.
Тоҷибоев гӯиё амири гурӯҳи ҷамъияти "Ӯзбекон" таъйин гашта, бо ҳар роҳу восита аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷавононро ба сафи гуруҳи худ даъват мекардааст ва бародари ӯ Иброҳими Ином низ ҳоло бо даъвати Сайфиддин дар сафи ин созмон дар Сурия қарор дорад.
Дар идома номи Шоиста Мамадшехова, сокини 40-солаи ноҳияи Спитамен зикр шуда, ки дар гузашта раиси бонувони бахши ноҳиявии ҲНИТ будааст. Ӯ гӯиё бо даъвати узви "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" Фаррух Шодмонов ба сафи ин созмони террористӣ пайваста, ҳоло бо ду фарзанди худ дар Вазиристони Покистон қарор дорад.
Раҳбарияти ҲНИТ, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебаранд, ҳамеша даст доштани худ дар фаъолиятҳои тундгароӣ ё ҷонибдорӣ аз гуруҳҳои террористиро рад мекунанд.