Ссылки доступа

Қирғизистон баъди садамаи Оқтеппа автобусҳояшро месанҷад

Вазири нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон Ҷамшедбек Калилов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, санҷиши тамоми автобусҳои мусофирбари кишвараш, ки дар масирҳои дохиливу хориҷӣ хидмат мерасонанд, идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим баъди оташ гирифтани автобуси муҳоҷирон дар Қазоқистон рӯи даст гирифта шуд. Мутахассисон вазъи техникии автобусҳоро санҷида, дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудан чора хоҳанд андешид.

18 январ дар шоҳроҳи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси мусофирбаре оташ гирифт, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз шаҳри Чимкент ба шаҳри Қазони Русия интиқол медод. Аз 57 мусофири он танҳо 5 нафар зинда монданд. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "нақзи қоидаҳои идораи воситаи нақлиёт" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG