Ссылки доступа

Се соли зиндон барои партофтани волидони пиронсол: қонуни нави Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Се соли зиндон барои партофтани волидони пиронсол: қонуни нав дар Тоҷикистон. (видеои Настоящее время)

- Ҷуфтҳои хушбахти гирифтори ВИЧ. Нозанинро чанд сол пеш шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) олуда карду танҳо гузошт. Нозанини 40-солаи бемор яккаву танҳо монд. Вале дигарбора издивоҷ кард ва ҳоло аз рӯзи издивоҷи дуборааш бо ханда қисса мекунад. Издивоҷе, ки бидуни ягон омодагӣ дар ҷойи кору бо ҷавоне аз худаш 10 сол хурд сурат гирифт. (видео)

- Мулло Ҳайдар Шарифзода дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон. Имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва аз рӯҳониёни шинохта, аз фазои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард. Ӯ охири ҳафтаи гузашта дар як суҳбати кӯтоҳи видеоӣ гуфт, интиқоди баъзе афроду созмонҳои байналмилалӣ дар бораи маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар кишвар дуруст нест (видео)

- Вазири молия ва раиси хадамоти гумруки Тоҷикистон иваз шуданд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ аз мақоми худ озод ва, бино ба қарори ҳукумат, "ба вазифаи дигар гузаштааст". Мансаби нави Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба ҳол маълум нест (видео)

- Корхона барои занони маҳбус дар Хуҷанд. Занони собиқи зиндонӣ дар пайи ду соли кору талош, коргоҳи дӯзандагии худро аз утоқи танги манзили зист ба бинои бузургтар кӯчониданд ва ҳоло орзу доранд корхонаи хусусии худро бунёд кунанд. Зоҳиран ин як корхонаи муқаррарии дӯзандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аст (видео)

- Бухории каммасраф -- ихтирои як ҷавон дар Суғд. Як ҷавони 25-сола аз вилояти Суғд як бухории каммасрафи барқиеро сохтааст, ки дар муқоиса бо дастгоҳҳои тавлиди хориҷӣ беш аз ду маротиба камтар нерӯи барқ масраф карда, ҳамзамон рӯшанӣ ҳам медиҳад. (видео)

- Ҳамлаи хунин ба меҳмонсаройи Интерконтинентали Кобул хотима ёфт. (видео)

- Аз Қрим дуздидашудаҳоро бармегардонанд: чаро Путин ин тасмимро гирифт? Вазорати молияи ИМА рӯзҳои наздик эҳтимол аст, шумори таҳримшудаҳои атрофиёни сарватманди Путинро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи коршиносон, маҳз барои ин президенти Русия Владимир Путин ба Украина пешниҳод кард, ки техникаҳои низомии Қримро бармегардонад. (видео аз Директ)

- Хона аз коҳ – чаро итолиёвиҳо хонаҳои зистмуҳитиро интихоб мекунанд? (видео аз Директ)

- Шаҳрвандон, go home! Мақомоти Латвия муҳоҷиронеро, ки ба Аврупо рафтаанд, мехоҳанд, баргардонанд. (видео аз Директ)

- Мушовири сафири Ӯзбекистон дар бораи фоҷиаи Оқтеппа (видео)

- Саргузашти аруси дуздидашуда. Саҳнаи бе овоз. Дар Алмато намоиши ғайриоддӣ баргузор шуд, ки бе ҳеч ҳарфу ҳиҷо саргузашти аруси дуздидашуда, ранҷҳо ва вокуниши атрофро нисбати вай баён кард (видео аз Директ)

- Мансабдоре аз раҳбари Сбербанк Греф пурсид, ки Русия чи гуна метавонад, дар ҷаҳон пешсаф бошад ва ӯ ҳам посух дод. (видеои Настоящее время)​

- «Чаро духтурони мо ба гадо табдил шуданд?»​. (видео)​

- Наврасе бо табару маводи оташангез ба хонандагони мактаби Улан-Удэ ҳамла кард. (видео аз Директ)

- Тарбияи пурриёзати варзишгарони қирғиз. (видеои Настоящее время)​

- «Чаро духтурони мо ба гадо табдил шуданд?»​. (видео)

XS
SM
MD
LG