Ссылки доступа

Қазоқистон муҳоҷирони дармондаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро наҷот дод


Ду автобуси мусофирбари ҳомили шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар шоҳроҳи вилояти Акмолини Қазоқистон дармондаанд.

Ба пулиси Қазоқистон 21 январ хабар додаанд, ки дар шоҳроҳи Остона-Петропавловск як автобуси Van Hool боз истодааст. Тавре маълум гашт, сӯзишвории автобус ба далели сардии ҳаво ях бастааст. Дар дохили он 43 мусофир - шаҳрвандони Ӯзбекистон қарор доштанд.

Кормандони Хадамоти наҷоти Қазоқистон мусофирон ва ронандаҳои автобусро ба ҷойи гарм интиқол дода, бо ҷойи хобу ғизо таъмин кардаанд.

Ба ҷуз ин, пулиси Қазоқистон шаби якшанбе ба душанбе ба мусофирони автобуси дигаре кумак кардаанд, ки дар масири Мерке-Тюмен, дар ҳудуди ноҳияи Буландини ин кишвар вайрон шуда буд. Ҳамаи 55 мусофири автобус, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҷои гарм интиқол дода шудаанд.

Дар вилояти Акмолини Қазоқистон ба далели сардӣ ва сахт поин рафтани ҳарорати ҳаво ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо манъ шуда, кори кормандони пулис пурзӯр карда шудааст. Нозирони тартибот аз сокинон даъват доранд, ки ба минтақаҳои дур сафар накунанд.

Ёдрас мешавем, 18 январ дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон автобуси мусофирбар оташ гирифт. Дар ин автобус бо шумули ронандагон 57 одам ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо ҷон бохтанд. Аксари ҳалокшудаҳо сокинони вилояти Намангони Ӯзбекистон буданд.

XS
SM
MD
LG