Гузориш додан аз дороиҳои масҷиду калисоҳо бар пояи банди нави қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон” ҳатмӣ шуд. Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба ин қонун як зумра тағйиру иловаҳои нав ворид шуд ва бо нашри матни он дар матбуоти расмӣ аз 22-уми январ, ба ҳукми иҷро даромад.
Тағйирот аз ҷумла ба модаи 19-уми ин қонун ворид шудааст, ки дар он масҷидҳо муваззаф шудаанд “...дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯи молу мулк, хароҷоти маблағҳо ва молу мулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигари зарурӣ”, ба мақомот маълумот бидиҳанд.
Даромади масҷид -- ибодатгоҳи пайравони дини Ислом, ҳамчунин даромади муассисаҳои динии дигари мисли калисо ва каниса аз ҳисоби маблағҳои хайрияи ибодаткунандагон аст. Ҳамчунон дар ҷомеаи умдатан суннатии Тоҷикистон имом ва имомхатибони масҷидҳо дар маросими азо, таваллуди фарзанд ва никоҳ низ ширкат варзида расму оинҳои диниро иҷро мекунанд. Ба хотири иштирок дар чунин марсоим эътиқодмандон ба онҳо як миқдор маблағ низ медиҳанд.
Айни замон, ҳукумат аз моҳи феврали соли 2014 ба имомхатибони масҷидҳои расман сабтиномшуда аз ҳисоби будҷаи кишвар маош таъин кард. Он сол бо судури як қарор ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода маоши баробар ба 2000 сомонӣ ва ба сархатибони масҷидҳои ҷомеъ 1500 ва ба имомхатибони масҷидҳои панҷвақта 800 сомонӣ маош муқаррар шуд. Ин тасмими ҳукумат он замон ба мухолифати бархе аз ақшори ҷомеа рӯбарӯ шуд, ки мегуфтанд, Тоҷикистон давлати дунявӣ аст ва умури дин аз давлат ҷудо эътироф шудааст. Мунаққидон мегуфтанд, ки таъини маош аз ҳисоби давлат назорат бар умури динро ҳам бештар мекунад.