Ссылки доступа

Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳукумати Қазоқистонро барои харҷи маблағҳои Бунёди иҷтимоӣ ба лоиҳаҳои хатарнок танқид мекунанд (видеои Настоящее время)

- Ҳашари бачаҳои Нуробод барои амнияти ҳаракат. Дар ноҳияи Нуробод гурӯҳе аз сокинони деҳаи Гарданга бо эълони ҳашар ба ҳамвор кардани роҳи асосӣ ба самти деҳа шурӯъ карданд. Ҷавонони деҳ видеоеро аз ҷараёни кори худ дар деҳа сабт карда ва ба Радиои Озодӣ фиристоданд (видео аз Директ)

- Як моҳӣ дар Хатлон як миллион моҳича медиҳад. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Хатлон чандин хоҷагии моҳипарварӣ вуҷуд дорад, ки солона садҳо тонна моҳӣ ба бозор мебароранд. Аммо ҳоло ба мушкилот гирифтор шудаанд (видео аз Директ)

- "Бима (страховка)-ро талаб намекунем, чунки бовар надорем". Соҳибони баъзе аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гирифтани маблағи ҷубронпулӣ аз ширкатҳои бима баъд аз рух додани садама кори мушкил аст (видео)

- "Тоҷиксуғурта" мехоҳад, ширкати саҳомӣ шавад. Дар гузашта дар Тоҷикистон танҳо ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” ҳаққи бимаи мошинҳоро дошт. Ҳоло миқдори ин ширкатҳо аз 20 адад гузаштааст. Бо ин вуҷуд, соҳибони худравҳо мегӯянд, ки дар сурати садама ё ҳодисаҳои дигар бо мушкил метавонанд аз ширкатҳои бима ҷубронпулӣ бигиранд (видео)

- Сокинони Шаҳритус даъво накарданд, касе ҳам танбеҳ нагирифт. Додситони вилояти Хатлон гуфт, барои осеб дидани се хона аз тири нерӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ касеро танбеҳ надоданд ва ё ба ҷавобгарӣ накашиданд. Маҳмуд Насруллозода дар бораи ин ҳодиса дар охири соли 2017 дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сӯҳбат кард (видео)

- Қӯрғонтеппа Бохтар шуд. Сокинон чӣ мегӯянд? Бархе аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки аз табдили номи маркази вилояти Хатлон ба Бохтар огоҳ нестанд ва касе ҳам назари онҳоро дар ин бора напурсидааст (видео)

- Қонунисозии мошинҳои дуздӣ дар Қирғизистон (видео аз Директ)

- Азодорӣ дар Намангони Ӯзбекистон (нигористон)

- Ботканд. Имоме, ки ба таҳсил ва варзиш даъват мекунад (видео аз Директ)

- Аксҳои пурҷилои як ҳафтаи охир аз Қрим (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG