Раҳбарияти кумита рӯзи 23 январ дар баёнияе гуфт, ин овозхонҳо дар аввал барои қонунӣ кардани фаъолияташон патент гирифта, сипас, онро қатъ намудаанд ё бо гузашти солҳо дар бораи даромади худ гузориш надодаанд.
Молиёт ё иҷозаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон чанд сол пеш ҷорӣ шуд ва овозхонон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба буҷети давлат пул супоранд. Маблағи патент барои овозхонон гуногун аст, аммо худи онҳо мегӯянд дар асоси патент ҳар моҳ беш аз 800 сомонӣ ба буҷет месупоранд.
Раҳбарияти Кумитаи андоз теъдоди овозхонҳоеро, ки ба иддаои онҳо айни замон бидуни патент фаъолият доранд ё аз пардохти молиёт мегурезанд, 102 нафар шумурдааст. Дар миёни онҳо исми Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Меҳрнигори Рустам, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсуфова, Сарвиноз Юсуфӣ ва Фахриддини Малик низ ҳаст. Инчунин, ба иддаои мақомоти андоз, Сӯҳроби Маҳмуд ва Сӯҳроб Отаев ду соли пеш санади фаъолияти соҳибкории худро қатъ карда, “ҳоло бидуни сабт дар идораи андоз ҳунарнамоӣ доранд”.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди онҳое, ки ҳамчун овозхон дар идораҳои андоз сабт шудаанд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Тибқи омори Кумитаи андоз, "то 1-уми январи имсол дар мақомоти андоз беш аз 1500 нафар аз рӯи фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва сабти ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд." Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 730 адад кам будааст.