Ширкатҳои бузургти фароҳамкунандаи интернет дар Русия, амсоли МГТС ва МТС дастрасӣ ба сомонаи мазкурро маҳдуд карданд.
Ба иттилои Роскомнадзор - як ниҳоди назоратии Русия - дастрасӣ ба сомона дар асоси моддае маҳдуд шудааст, ки иҷозат медиҳад, сомонаҳо ба далели даъвати оммавӣ ба бетартибиҳо дастнорас карда шаванд. Додситонии кулли Русия бастани сомонаро талаб кардааст. Аммо Елагина мегӯяд, идораи онҳо аз ин тасмим огоҳ карда нашудааст ва вай ваъда дод, ки матни таҳқиқотро тавассути сомонаҳои дигар дубора нашр хоҳад кард.
Дар матлаби таҳқиқотӣ гуфта мешавад, ки Бортников ва муовинаш Сергей Смирнов амволи манқулашонро дар Сестроретск - яке аз гаронтарин ноҳияҳои Санкт-Петербург - дар эъломияҳояшон зикр накардаанд. Матлаб тасдиқ мекунад, ки Росреестр - ниҳоди сабти дороиҳои шаҳрвандон - соҳибони амволи манқулро дар Сестроретск қасдан пинҳон кардааст. Дар эъломияи Бортников 28 садяк замин ва иншооти дар он бунёдшуда, ки бештар аз 48 миллион доллар арзиш доранд, зикр нагардидааст.