Ссылки доступа

Боғу тафреҳгоҳҳои навро вайронӣ таҳдид мекунад (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Норин: Зиёни расонидаи гургҳо ба 10 миллион сом баробар шуд (видео аз Директ)

- Боғу тафреҳгоҳҳои навро вайронӣ таҳдид мекунад. Бунёди боғҳои фароғатии кӯдакона дар назди баландманзилҳои Душанбе шумораи истироҳаткунандагон, хусусан волидайн бо атфолро дар ин боғчаҳо ба маротиб афзудааст. Аммо муддати кӯтоҳе аз бунёди ин боғчаҳо нагузашта, тахриби онҳо шурӯъ шудааст (видео аз Директ)

- Ҷасадҳои ДОИШ-иён рӯзгори мардуми Мавсилро талх кардааст. Садҳо ҷасади бесоҳибу паҳну парешон зиндагии мардуми Мавсили Ироқро талх кардааст. Бӯйи ғализи мурдаҳо дар кӯчаҳо намегузорад мардум ба хонаҳояшон баргарданд. Дар байни онҳо мумкин аст, ҷангҷӯёни тоҷик ҳам бошанд (видео аз Директ)

- Театри як тамошобин? Овезаҳое назди театрҳои Душанбе пур аз эълони намоишҳои саҳнавӣ барои ду моҳи оянда ҳастанд. Намоишҳои Солинавӣ барои тамошобинони хурдсол анҷом ёфтаанд ва намоишҳо ҷиддитар барои калонсолон дар навбати намоиш аст. Аммо онҳо барои кӣ ҳастанд? Кай ин толорҳо дубора аз тамошобин пур мешаванд? (видео аз Директ)

- “Хӯроки чорво гарон аст, нархи гӯшт чӣ хел арзон шавад?” Як ҳафта пеш раиси тозатаъйини вилояти Суғд дастур дод, ки дар бозорҳо нархи гӯштро поин бибаранд. Дастури поин овардани нархи он сокинони шаҳри Хуҷандро хушҳол кард, аммо ин супориш ба нархи гӯшт таъсири чандоне нагузоштааст (видео)

- Нафақа бояд чӣ қадар бошад? "Зуд бизӣ ва ҷавон бимир" – ин шиори ғайрирасмии замони фарҳанги рок-н-ролл ва оҳангҳои панкро насли феълии Тоҷикистон метавонад шиори зиндагии худ бикунад. Ҳарчанд бисёр ғамангез аст, ҷойи ифтихор ҳам намондааст. Зеро маблағи нафақа дар Тоҷикистон арзиши як ғизои нисфирӯзиро дорад (видео)

- Муҳоҷирон: Миёнаравҳо бисёр фиреб мекунанд. Дар Русия солона ҳазорон нафар ба доми миёнаравҳое меафтанд, ки байни корфармо ва муҳоҷирон иртибот барқарор карда ва аз онҳо пул мегиранд. Дар баъзе ҳолат муҳоҷир баъди моҳҳо кор як қирони сиёҳ ҳам намегирад (видео)

- Кумак ва ёрии мутақобил дар сармо. Дамосанҷ дар Остона 40 дараҷа сардӣ нишон медиҳад. Сокинони пойтахти Қазоқистон дар шабакаҳо менависанд, ки мошинашонро наметавонанд ба ҳаракат дароранд. Дар мактабҳо дарс қатъ шуд. Сокинони Остона дар чунин вазъ чи гуна ба ҳамдигар кумак мерасонанд? (видео)

- Пинҳон мешаванд ва синну солашонро ошкор намекунанд: чаҳоряки кӯдакони Қирғизистон бори таъмини хонаводаҳояшонро мекашанд (видеои Настоящее время)​

- Дар Афғонистон ба намояндагии Save the Children ҳамла сурат гирифт (видео)​

- Туркманистон: Аксҳои ҳафта (нигористон)

- Чи гуна ва чаро дар Русия намоиши филми "Марги Сталин" манъ шуд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG