Ссылки доступа

Мақомоти Ишқобод аз сокинон пардохти изофии комуналии соли гузаштаро талаб доранд


Хадамоти комуналии шаҳри Ишқободи Туркманистон аз сокинон талаб дорад, ки барои истифодаи хизматрасониҳои комуналӣ пардохти изофӣ кунанд.

Аз ибтидои ҳафта кормандони хадамоти комуналӣ бо сокинон тамос гирифта, онҳоро огоҳ мекунанд, ки бояд барои моҳҳои ноябр ва декабри соли 2017 пардохти изофӣ кунанд. Хадамот хабар медиҳад, ки андози манзил гарон шудааст.

Сокинон мегӯянд, фаразан манзил аз 55 метри мураббаъ иборат бошад, бояд ҳудуди 8 доллар барои моҳи ноябр ва ҳамин қадари дигар барои моҳи декабр пардохт кард.

Моҳи октябри соли 2017 мақомоти Туркманистон имтиёзҳои иҷтимоиро комилан барҳам доданд.

Бар асоси тарофаҳои нав, сар аз моҳи ноябр пардохтҳои комуналӣ боло рафт.

XS
SM
MD
LG