Ссылки доступа

Додситони кулли Тоҷикистон: "ӯҳдадор нестем, ба ин суол ҷавоб диҳем" (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 25-уми январи 2018 (HD)

- Додситони кул: ӯҳдадор нестем, ба ин суол ҷавоб диҳем. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи парвандаҳои бо муҳри махфӣ ва боздошти журналист Хайрулло Мирсаидов (видео)

- Пешниҳоди гузоштани пайкараи Фарҳоду Ширин дар Тоҷикистон. Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кӯлоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд. Ӯ мегӯяд, бинандагони пайкараи ҷавоне, ки дили кӯҳро барои расидан ба висоли маъшуқ шикофт, зиёд хоҳад буд (видео аз Директ)

- "Росташро гӯям, дар бало мемонам". Сокинони шаҳри Душанбе баҳои худро ба рафторҳои ҳамсари мансабдор доданд. (видео)

- "Ба мо пулашон лозим нест, як бор ба диданамон биёянд". Дар Тоҷикистон 6 хонаи пиронсолон вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳазор нафарро нигоҳубин мекунанд. Тақрибан ҳар нафари саввуми онҳо хешу табор доранд. Теъдоди куҳансолони партофташуда сол то сол зиёд мешавад. (видео)

- "Нархаш нағзу сифаташ безеб". Сокинони шаҳри Душанбе дар бораи фуруши бастаҳои интернетӣ (видео)

- "Интернет он қадар гарон нест". Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи арзиши бастаҳои интернетӣ дар ин кишвар. (видео)

- Додситони кул: Масъалаи NGN ҷиддӣ баррасӣ мешавад. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки Комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро месанҷад. Ба гуфта Додситони кулли Тоҷикистон, ин масъала ба таври хеле ҳам ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад (видео)

- "Китобхонаи гӯё" ва ё қиссаи бепардаи қаҳрамонони асарҳо дар Душанбе (видео)

- Осиё: Қазоқистон ях мебандад ва Русия аз "марг"-и сафири Украина дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Қазоқистонро сардии бесобиқа фаро мегирад. Барномаи "Вести"-и телевизиони "Россия-24" бо додани хабари марги сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк худи дипломатро дар ҳайрат гузошт. Бонкдори рақами 1-и Қазоқистон мегӯяд, як тангаи пасандозҳои нафақаро аз даст надодаанд. (видеои Настоящее время)​

- "Россия-24" аз "марг"-и сафири Украина дар Тоҷикистон хабар дод. (видеои Настоящее время)

- Порошенко дар Давос гуфт, ки кай тасмимашро барои иштирок дар интихоботи навбатии Украина эълом мекунад. (видео аз Директ)

- Сардии 50-дараҷаӣ дар Қазоқистон: ҳайвонҳо роҳравон ях мебанданд. (видеои Настоящее время)

- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

- Шикояти навбатии ӯзбекистониҳо аз навбатпоӣ дар назди марзи Қазоқистон(видео)​

- Касе ҳаст Русияро дар Олимпиадаи Пхенчхан ҳимоят кунад? Ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пхенчхан 169 варзишгари Русия мераванд. КБО дархости Кумитаи олимпии Русияро пазируфт. Варзишгарони маъруф ба ин рӯйхат шомил нашуданд. (видео аз Директ)

- Вақте ки роҳ ба партовгоҳ табдил мешавад. Канорҳои роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфара дар вилояти Бодканди Қирғизистон ба як партовгоҳ табдил шудааст. Одамон аз ин ҳол нигаронанд (видео)

- Дар баҳри Ҷопон як киштии Русия бедарак шуд. (видео аз Директ)

- Варзишгарони Куриёи Шимолӣ вориди Куриёи Ҷанубӣ шуда, ба Олимпиада омодагӣ мебинанд. (видео аз Директ)

- Владимир Литвиненко кӣ аст ва чаро духтараш талаб дорад, ки зидди ӯ таҳрим эълом кунанд? Владимир Литвиненко, ректори донишгоҳи Петербург яке аз дустони наздик ва шахси боэътимоди президенти Русия Владимир Путин аст. Имсол низ ӯ раҳбари ситоди интихоботии Путин таъйин шуд. Вале муносибати вай бо хонаводааш чандон хуб нест. Духтараш ӯро ба дуздидани писари худ айбдор мекунад.​ (видео аз Директ)​

- Чаро мақомоти Русия натавонистанд тими мунтахаби худро дар бозиҳои Пхенчхан наҷот диҳанд? (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG