"Маҳсулоте, ки дар рӯзҳои истироҳати охир 3 манат (наздики 1 доллари ИМА) қимат дошт, ҳоло 4 манат фурӯхта мешавад. Як кило картошка пештар 3.5 манат буд, ҳоло 4 манат шудааст. Себ ҳам 3 манат арзиш дошт, ҳоло 4 манат фурӯхта мешавад", - мегӯяд як манбаъ аз Дашоғуз.
Ба гуфтаи ин манбаъ, арзиш нави маҳсулот барои бештари сокинон дастнорас аст, зеро шумори бекорон зиёд аст.
Пештар аз ин дар остонаи соли нави мелодӣ маҳсулоти ғизоӣ дар Туркманистон гарон шуда буд. Он замон тақрибан арзиши ҳама навъи маҳсулот дар бозорҳои он кишвар боло рафт ва орду шакару равған чандин маротиба камёфт шуд. Дар моҳи декабр дар Туркманистон арзиши нон 50 дарсад гарон шуд.