Ссылки доступа

Мурғобии пекинӣ – рақиби сихкабоби тоҷикӣ? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: сардиҳо дар Қирғизистону Қазоқистон одамонро ба ҳам наздик мекунад. Дар Қирғизистон 10%-и мансабдоронро ихтисор мекунанд. Ширкатҳои давлатии Қазоқистон дигар вазифадор нестанд, ки аз харидҳояшон ҳисобот диҳанд. Ба ятимон дар Тоҷикистон, бино бар талаботи қонун, давлат бояд сарпаноҳ ва кор диҳад, аммо дар амал чунин нест. Қазоқистону Қирғизистонро сарди фаро гирифт, одамон дар якҷоягӣ ҳамдигарро наҷот медиҳанд (видео аз Директ)​

- Навбати дарози муҳоҷирон барои ҳуҷҷати ронандагӣ. Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи 28-уми январ видеои издиҳоми калони муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро ба мо фиристод, ки дар назди идораи бозрасии давлатии автомобилӣ дар Санкт Петербург мунтазиранд. Дар Русия муҳоҷирон ҳақ надоранд бо санади кишвари худ ба таксиронӣ ва дигар корҳо машғул шаванд (видео)

- Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11 шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабтином ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд (видео)

- Шарҳи додситони Суғд дар бораи марги 4 нафар. Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст, ки чаҳор нафар дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз "нитрити натрий" ҷон бохта, 5 нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Додситон рӯзи ҷумъа, 26-уми январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат кард (видео)

- Мурғобии пекинӣ – рақиби сихкабоби тоҷикӣ? Ҳамроҳ бо сармояҳои ҳангуфт ва молу маҳсулоти худ, Чин фарҳанги ғании ғизоҳои худро ҳам вориди Душанбе мекунад. Бо ҳузури бештари шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ ба ғизои солим ва сабуку камравғани ошхонаҳои чинӣ ҳам бештар мешавад (видео)

- Сафири Украина сиҳату саломат дар Душанбе буда, ӯро касе накуштааст. Сафири Украина Виктор Никитюк мегӯяд, сиҳату саломат дар Душанбе буда, ӯро касе накуштааст. Хабаругзории "Россия-24"-и Русия хабар дода буд, ки аснои ҳамлаи Толибон ба меҳмонсаройи Кобул сафири украинӣ ба қатл расид (видео)

- Таҳримҳои ИМА ба ширкатҳои Русия чӣ таъсир мерасонанд (видеои Настоящее время)​

- Шаҳват, дурӯғ ва расонаҳо: 20 сол пеш ҷанҷоли Моника Левински рӯ зада буд (видеои Настоящее время)

- Милош Земан як даври дигар президент шуд. Президенти Чехия Милош Земан барои давраи дувум интихоб шуд (видео аз Директ)

- "Эътирози интихобкунандагон": Владивосток. Иқдоми эътирозии ҷонибдорони Алексей Навалний (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG