Ба гуфтаи наздикони Абдураҳим, шаби 22 январ табибон ташхис карданд, ки вай баъди фурӯ бурдани 100 дона доруи Димедрол ва 10 дона доруи Энам заҳролуд шудааст.
Табибони вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ин ҷавонро аз марг наҷот доданд, вале вай то кунун касеро намешиносад ва ҳаракат карда наметавонад.
Абдурашид - бародари Абдураҳим мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ дар идораи пулис ба вай "фишори сахти равонӣ оварданд".
Вале муфаттиши пулиси Андиҷон Ғайратбек Исманов ин айбҳоро рад мекунад.
"Фишор оварданро қонун манъ мекунад. Касе ба вай фишор наовардааст. Мо ҳуқуқи касеро поймол накардаем", - гуфт Исманов.
Ба гуфтаи пайвандон, Абдураҳим Сатторов моҳи майи соли 2017 издивоҷ кард. Баъди издивоҷ вазъи иқтисодии ӯ бад шуд ва вай аз ошноҳояш аввал 700 доллар ва баъдан 11 миллион сӯм (бештар аз 1000 доллари ИМА) қарз гирифт.
Абдураҳим Сатторов дар номаи пеш аз қасди худкушӣ карданаш, навиштааст, ки 22 январ муфаттиш Ғайратбек Исманов тамос гирифта, хабар додааст, ки мақомот ӯро дар қаллобӣ айбдор мекунанд.