Волкер дар робита ба масъалаи мазкур баъди се рӯзи мулоқоти худ бо ҳамтои русаш Владислав Сурков дар Дубай, бо рӯзноманигорон суҳбат кард. Ӯ пас аз ин вохӯрӣ озими шаҳри Киев шуда, дар онҷо бо президенти Украина Петр Порошенко ва мансабдорону сиёсатмадорони дигари он кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Волкер ва Сурков чи гуна аз бунбаст хориҷ шудани ду ҷонибро "хеле муфассал" баррасӣ кардаанд. ИМА умедвор аст, ки маъмурияти бузурги посдорони сулҳ вориди Украина шуда, тамоми минтақаҳои даргир, аз ҷумла марзи ин кишвар бо Русияро назорат хоҳанд кард. Ба назари Волкер, танҳо дар ин ҳолат тамоми шароит барои иҷрои созишномаи Минск фароҳам хоҳад шуд.
Даргириҳои мусаллаҳона миёни нирӯҳои Украина ва ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия, ки баъзе аз манотиқи вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро дар даст доранд, аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ идома дорад. Як қатор созишҳои оташбас, ки дар доираи созишномаи Минск ба миён омаданд, натавонистанд, ин даргириҳоро пурра қатъ кунанд.
Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Сурков баъди мулоқот бо Волкер гуфтааст, ки пешниҳоди ИМА дар робита ба ҷойгиркунии посдорони сулҳи СММ "иҷрошаванда" аст ва Москва онро бодиққат хоҳад омӯхт. Оҳанги суҳбати ҷонибҳо баъди мулоқоти Дубай нисбат ба вохӯриҳои пешин хеле хушбинона аст.