Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷориву фарҳангии ду кишвар, "мушкилиҳои доғи минтақавию байналмилалӣ бо шумули раванди сулҳ миёни Исроилу Фаластин ва вазъ дар Сурияро баррасӣ карданд".
Натаняҳу 28 январ гуфт, ки тасмим дорад, бо Путин "ҳодисаҳои гуногуни минтақавӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни нирӯҳои Исроилу Русия дар Сурия ва масъалаи муҳимтар аз ҳама - амнияти кишвараш"-ро баррасӣ кунад.
Сарвазири Исроил ҳамчунин бо Путин дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳе дар Осорхонаи яҳудиён ва Маркази таҳаммулпазирии шаҳри Москва иштирок кард, ки ба исёни соли 1943 дар лагери миллатгароии Собибур бахшида шуда буд. Ӯ дар суханрониаш гуфт, Исроил омодааст, сади роҳи ҳама гуна кӯшишҳои идеологии ин гуна, пеш аз ҳама Эрон шавад, ки мехоҳад ҳамаи моро маҳв созад".
Исроил мегӯяд, дар ҷангҳои Сурия тараферо ҷонибдорӣ намекунад. Вале ҳавопаймоҳои низомии он пайваста дар Сурия зарбаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Раҳбарони Исроил мегӯянд, иҷозат нахоҳанд дод, ки Эрон барои таъсиси пойгоҳ ё интиқоли аслиҳаи қудратманд ба гуруҳи "Ҳизбуллоҳ" аз қаламрави Сурия истифода кунад.
Нашрияи "Гааретс" пеш аз гуфтугӯи раҳбарони Исроилу Русия иттилоъ дод, Натаняҳу бо Путин созиши ҳастаии Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 ва муқобалаи Исроил бо ҳама гуна созишҳоеро баррасӣ мекунад, ки ба нирӯҳои Эрон иҷозат медиҳанд, баъд аз поёни даргириҳо дар Сурия бимонанд.