"Туркманистон иддао дорад, ки Эрон аз он 1,5 миллиард доллар қарздор аст. Вале ба назари мо ин маблағ хеле зиёд аст. Шикояти навбатии мо ба сифати гази интиқолии Туркманистон рабт дорад", - афзуд вазир.
Ба иттилои хабаргузорӣ, акнун шикояти Эрон зидди Туркманистон аз се бахш - сифати паст, нархи гарон ва қатъи интиқоли газ бидуни огоҳӣ иборат хоҳад буд.
Ёдрас мешавем, ки Эрон бори нахуст зидди Туркманистон моҳи майи соли 2017 ба додгоҳ шикоят бурда буд.
Нашрияи "Хроника Туркменистана" мегӯяд, миёни Теҳрону Ишқобод ҳанӯз охирҳои соли 2016 баҳсе ба миён омада буд ва дар натиҷа "Туркмангаз" аз Ширкати миллии нафти Эрон талаб кард, ки $1,8 миллиард доллар қарзро пардохт кунад. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ҷонибҳо баъд аз гуфтугӯи тӯлонӣ ба созиш расиданд. Аммо Туркманистон ба ин нигоҳ накарда, 1 январи соли 2017 интиқоли газро ба Эрон қатъ кард.