Ссылки доступа

Дар ҷашни 80-солагии Ислом Каримов духтарону набераҳояш ширкат накарданд


Дар Ӯзбекистон 80-солагии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро ботантана таҷлил карданд. Вале дар чорабиниҳои ҷашнӣ духтарону набераҳои ӯ ҳузур надоштанд.

30 январ дар шаҳри Самарқанд маҷмааи ёдгории Каримов боз шуда, дар шаҳри Қаршӣ маросими пардапардорӣ аз пайкараи вай баргузор гашт.

Ин маърака бо иштироки ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон Татяна Каримова баргузор шуд. Вале дар он духтарону набераҳои ӯ ҳузур надоштанд.

Духтари Ислом Каримов Лола Каримова-Тилоева, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар Фейсбук навишт, ки бинобар баъзе сабабҳо натавонист ба Ӯзбекистон сафар кунад.

"Бинобар баъзе сабабҳо ҳоло мо дар Самарқанд нестем, вале медонем, шумо моро дар зодгоҳатон, ки ҳоло макони охирататон гаштаасту хело зебост, интизори моед",- навиштааст Каримова.

Духтари бузурги Ислом Каримов - Гулнора Каримова дар зиндон аст. Соли гузашта зидди ӯ айбҳои нав эълом шуд. Набераи 25-солаи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови хурдӣ дар арафаи 80-солагии бобояш аз Бритониё дархости паноҳандагии сиёсӣ кард.

XS
SM
MD
LG