Ссылки доступа

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ мекунанд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар доираи як сафари расмии дурӯза 1 феврал ба Душанбе меояд. Дар ин бора сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи ӯ Айзада Субакожоева 31 январ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, қарор аст, Ҷеенбеков дар ҷараёни сафар бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда, бо сарвазир ва раиси порлумони Тоҷикистон ҳам мулоқот кунад.

Интизор меравад, ҷонибҳо дар робита ба таъйину аломатгузории марзҳои ду кишвар низ табодули афкор намоянд.

"Роҷеъ ба як қатор масоили муҳим суҳбат мекунанд. Ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард. Табодули мол миёни ду кишвар афзоиш меёбад, вале қонеъкунанда нест ва ҷонибҳо ният доранд, ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшанд", - афзудааст ӯ.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин кишвар дар соли 2017 аз ҳама бештар ҳодисаҳои марзиро бо Тоҷикистон дошт.

Қирғизистону Тоҷикистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол 519 километраш аломатгузорӣ нашудааст ва дар марзи ин ду кишвар ҳудуди 70 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG