Ссылки доступа

Заминларзаи шадид аз Афғонистон то ҷануби Қазоқистонро такон дод


Заминларзаи шадиде, ки рӯзи чаҳоршанбе дар куҳҳои Афғонистон ба вуқуъ пайваст, вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ ва Ҷамбули Қазоқистонро ҳам такон дод.

Ба огаҳии Маркази зилзилашиносии назди Вазорати маориф ва илми Қазоқистон, маркази ин заминларзаи 6,9 дараҷаӣ дар 894-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Алмато, дар Афғонистон ва дар умқи 180 километр будааст. Марказ мегӯяд, шиддати заминларза дар шаҳри Чимкент 3-4 дараҷа ва дар шаҳри Тараз ҳудуди 3 дараҷа эҳсос шуд.

Маркази зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки нирӯи заминларзаи мазкур 6.1 дараҷа ва маркази он дар 35-километрии ҷануби минтақаи Ҷирми вилояти Бадахшони Афғонистон буда, аз шаҳри Кобул то ба шаҳри Душанбе ва ҳамчунин Деҳлӣ ва Исломободро такон дод.

Ба иттилои нашрияи покистонии Dawn, дар натиҷаи заминларза боми хонае дар ин кишвар фурӯ рехта, боиси ҳалокати як кӯдак шудааст. Ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни он кишвар дасти кам 15 одам осеб дидаанд.

Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистони Ҷанубӣ хабар дод, ки хабари ҳалокат ё осеб дидани нафареро дар натиҷаи заминларза дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG