Ссылки доступа

Дар Туркманистон бензин 50% гаронтар мешавад

Бино бар огаҳии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, нархи як литр бензин аз 23 феврал аз 1 ба 1,5 манат боло меравад.

Эҳтимоли тағйир ёфтани нархи бензин аз 1 феврал ҳам вуҷуд дорад. "Хабарҳо гуногунанд. Баъзеҳо мегӯянд, аз фардо нарх боло меравад. Дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбатпоиҳо дида мешавад. Мардум ба ҳангома дода шудаанд", - афзуд як манбаъ аз Ишқобод.

"Аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишворие дар маҳаллаи 30-ум мегузаштам, дидам 60-70 мошин навбат истодаанд. Сокинон мегӯянд, далели ба миён омадани навбатпоиҳоро худи кормандони нуқтаҳои фурӯш ҳам намедонанд. Онҳо гуфтаанд, касе ба гароншавии нархи бензин аз фардо дастур надодааст", - гуфт як манбаи дигари мо аз пойтахти Туркманистон.

Дар Туркманистон бори охир бензин моҳи январи соли 2015 гарон шуда буд. Он замон бо дастури раҳбарияти кишвар нархи бензинро 60% боло бурда, арзиши бензини навъи А-95 1 манат ва А-92 94 танга муайян карда шуд (қурби расмии 1 доллари ИМА дар Туркманистон 3,5 манат аст).

XS
SM
MD
LG