Айбдоркунандаи давлатӣ барои Никита Белих 10 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 100 миллион рубл талаб карда буд.
Белих худро гунаҳкор намешуморад ва мегӯяд, парвандаи ӯ як ҳангомаи мақомоти махсуси Русия аст. Боздошти Белихро генерали ФСБ Олег Феоктистов раҳбарӣ мекард, ки дар гузашта бо парвандаи вазири пешини рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев машғул буд.