Ба Тоҷикистон бештар аз кишварҳои Балтик ва Аврупо мошин ворид карда мешавад ва аксари онҳо охири солҳои навадум ва аввали солҳои 2000-ум истеҳсол шуда, 80 дарсадашон сохти олмонии "Опел" ҳастанд. Ин худравҳо ҳамагӣ чанд ҳазор доллар нарх доранд ва барои сокинони миёнҳол, аз ҷумла муҳоҷироне, ки аз Русия бармегарданд, хеле дастрасанд.
Охирҳои соли 2016 дар кишвар беш аз ним миллион мошин ба қайд гирифта шуд, ки 50-60%-и онҳо куҳнаанд. Ба гуфтаи масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Саидусмон Судуров, “нақлиёте, ки соли истеҳсолашон хеле куҳна аст, партовашон аз мошинҳои нав дучанд аст".
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 барои ҳавасманд кардани сокинон ба харидани мошинҳои нав боҷи гумрукии ин гуна мошинҳоро 50 дарсад кам карда буд.
Зарурати поин бурдани боҷи гумрукиро барои мошинҳои нав бори нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар паёми худ ба порлумон қайд кард. Президент он замон изҳор дошт, ки ин кор ба хотири ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад, чун мошинҳои нав кам зарар мерасонанд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматзода моҳи марти соли гузашта дар порлумон гуфт, мошини нав нақлиёте дониста мешавад, ки аз соли барориши он беш аз як сол нагузаштааст ва масофаи тай кардаи он низ беш аз 10 ҳазор километр нест. Ба гуфтаи ӯ, тағйироти нав ба тамоми навъи мошинҳо, аз боркаш то сабукрав дахл хоҳад дошт.