"Доналд Трамп аз муҳтавои ҳуҷҷатҳо огоҳ аст ва барои нашри онҳо иҷозат додааст", - гуфт ёрдамчии президент.
Ҷузъиёти ёддоштҳо то кунун ошкор нашудааст. Бино бар гуфтаи сарчашмаҳо, дар ин ҳуҷҷатҳо омадааст, ки FBI ҳангоми дархости иҷозати ҷосусӣ аз пушти мушовири Трамп Картер Пейҷ, додгоҳро огоҳ накардааст, ки қисме аз харҷи ҷосусиро ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон пардохт мекунад.
Дар ёддоштҳо ҳадди ақал номи ду корманди FBI зикр шудааст, ки дар муколамаҳои хусусиашон нисбат ба Клинтон изҳори хушбинӣ ва нисбат ба Трамп изҳорӣ бадбинӣ кардаанд. Ин ду корманд муддате дар тими додситони махсус Роберт Мюллер фаъолият доштанд.
Демокртаҳо - аъзоёни Кумитаи ҳуқуқии палатаи поёнии Конгресси ИМА зидди нашри ёддоштҳо баромад доранд. Ба бовари демократҳо, дар ҳуҷҷатҳои мазкур "нишонаҳои хатарноки сиёсисозии фаъолити мақомоти махсус" дида мешавад.