Ссылки доступа

Расонаҳо: мақомоти ИМА бовар доранд, артиши Сурия силоҳи нави кимиёӣ месозад


Мақомоти ИМА нигаронанд, ки ҳукумати Сурия силоҳи нави кимиёӣ ва василаҳои истифодаи онро коркард мекунад. Дар ин бора хабаргузориҳои Reuters ва Associated Press бо такя ба манбаъҳояшон иттилоъ доданд.

Вашингтон аз эҳтимоли паҳн шудани силоҳи кимиёӣ дар берун аз Сурия шадидан нигарон аст. Мақомоти ИМА бовар доранд, ки режими Башор Асад, президенти Сурия истифодаи маводи заҳрдорро дар ҳаҷми хурд идома медиҳад.

Ба иттилои расонаҳо, президенти ИМА Доналд Трамп роҳандозии амалиёти низомиро дар посух ба коркарди силоҳи нави кимиёӣ дар Сурия аз эҳтимол дур намедонад.

Бино бар иттилои коршиносон, дар шаш соли охир дар Сурия силоҳи кимиёӣ бештар аз 30 маротиба истифода шудааст. Режими Башор Асад даст доштанашро дар ҳамлаҳои кимиёӣ рад мекунад.

XS
SM
MD
LG