Ссылки доступа

Муҳлати сафирии Лола Каримова-Тиллоева дар ЮНЕСКО ба поён расид


Духтари президенти пешини Ӯзбекистон Лола Каримова-Тиллоева курсии сафирии кишварашро дар ЮНЕСКО тарк кард. Вай дар ин бора 2 феврал дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Лола Каримова навишт, имрӯз рӯзи охирини сафирии вай аст.

"Сар аз соли 2008, замоне, ки Намояндагии доимӣ ба фаъолият шуруъ кард, чанде аз ёдгориҳои фарҳангии Ӯзбекистон шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шуданд. Инҳо - анъанаи таҷлили "Наврӯз", шеърсароии мардумони водии Фарғонаи Ӯзбекистон "Катта ашула", анъана ва фарҳанги ошпазии Ӯзбекистон, фазои фарҳангии Бойсун, Шашмақом ва эҷодиёти шифоҳии мардумӣ "Аския" ҳастанд. Моҳи декабри соли гузашта дастгоҳи анъанавии истеҳсоли атлас ва адрас низ шомили ЮНЕСКО шуданд", - навишт Лола Каримова.

Духтари президенти пешини Ӯзбекистон тасмим дорад, фаъолияти башардӯстонаашро дар бунёди кӯдаконаи "Ту танҳо нестӣ" идома диҳад.

Лола Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2017 хабар дода буд, ки курсии сафирии кишварашро дар ЮНЕСКО тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG