Акнун шаҳрвандони Исроил, Индонезия, Ҷумҳурии Куриё, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон метавонанд бидуни виза 30 рӯз дар Ӯзбекистон истиқомат кунанд.
Ба ин тартиб, шумори кишварҳое, ки Ӯзбекистон бо онҳо низоми равуои бевизаро ба роҳ мондааст, ба 16 адад расид.
Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони 9 кишвар: Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва Қирғизистон имкон доранд то 60 дар Ӯзбкистон бе виза сукунат кунанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон низ метавонанд бе виза ба кишварҳои зикршуда равуо кунанд.
Ба ҷуз ин, бо фармони ахири Мирзиёев дарёфти визаи сайёҳӣ барои шаҳрвандони 39 кишвар осон шуд.