Ссылки доступа

Зани қирғиз барои латтукӯби писараш то дами марг ҳабс шуд


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон модари 24-сола -- А.Д. барои латтукӯби шадиди фарзандаш ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора сухангӯи Раёсати корҳои дохилии Ӯш Замир Сидиқов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Сидиқов, А.Д. 4 феврал кӯдаки худро бо осебҳои сахти ҷисмонӣ ба шуъбаи эҳёгарӣ овард. Ин зан гуфтааст, писараш, ки ҳанӯз 2 солу 8 моҳ дорад, аз зина афтодааст. Дар натиҷаи ташхис муайян шуд, ки баъзе аз узвҳои дохилии кӯдак осеб дида, хунравии мағзӣ ҳам дорад.

Дар рафти тафтишот зан иқрор шудааст, ки писари худро шадидан латтукӯб кардааст. Ӯ гуфтааст, кӯдакро танҳо ба воя мерасонад ва барои он ки гапашро гӯш накард, латтукӯб кардааст.

Зидди зан бо банди "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз гашта, худи ӯ дар ҳоли ҳозир, дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG