Дафтари матбуотии вазорати хориҷии Ӯзбекистон ҳам рӯзи 5-уми январ дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки музокироти ҳайатҳо дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар сурат гирифта, намояндагони вазоратхонаҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои муҳим гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон санадҳои аслии сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафари нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов ба Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи январ мақомоти ҳарду кишвар барои ҳалли масъалаи раводид ё виза ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин дар масъалаи дубора фаъол намудани роҳи оҳани Амузанг - Хатлон Тирмиз ба тавофуқ расидаанд.
Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки "барои об кардани яхи 20-сола" дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад. Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт, аммо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол сурат бигирад.