Ссылки доступа

Писари президенти Туркманистон савори аспи "Мерос" шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ҳамроҳ бо писараш Сардор ба Маҷмааи асппарварии ахалтекаи шаҳри Ишқобод рафтанд. Бердимуҳаммадови калонӣ савори аспи Гуҷурлӣ (Қавӣ) ва Бердимуҳаммадови хурдӣ савори аспи "Мерос" шуданд, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш масоили варзишро баҳс кардааст. Моҳи апрели соли 2017 президенти Туркманистон дар пойгаи аспдавонӣ савори аспи "Мерос" шуд ва ҷоизаи асосии мусобиқаро аз худ кард.

Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки аспи "Мерос"-ро набераи президент - Каримгулӣ Бердимуҳаммадов тарбият ва барои мусобиқаҳо омода кардааст.

Аспсаворӣ барои президенти Туркманистон як оддати маъмулист ва баъзан ӯро дар ин машғулият аъзои хонаводааш ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар як соли охир фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Сардор Бердимуҳаммадов чашмрастар шуда, расонаҳои расмӣ ба шахсияти ӯ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, тахмин меравад, ӯро барои мерос гирифтани курсии падараш омода мекунанд.

XS
SM
MD
LG