Ссылки доступа

Вазири маориф: "10 ҳазор падару модар ҷарима шуданд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 5-уми феврали 2018 (HD)

- Вазири маориф: "10 ҳазор падару модар ҷарима шуданд". Мақомоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки давоми 11 моҳи охир дар саросари кишвар беш аз 10 ҳазор волид бар пояи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, муҷозот шудаанд.

- Барфи нимметрӣ кори муҳоҷирони тоҷикро дучанд кард. Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба мо видеои барфрезӣ дар Маскавро фиристоданд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна онҳо ба поккории барф машғуланд. Саге дар ин миён аз барфи зиёд лаззат мебарад (видео аз Директ)

- Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Душанбе расид. Дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор шудааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пас аз зӯҳри имрӯз, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда шуд (видео)

- Барф дар Маскав аҳволи муҳоҷиронро бад кард. Дар як шабонарӯз дар пойтахти Русия бештар аз ним метр барф борид ва кори нақлиёту зиндагӣ дар Маскавро мушкил кард (видео)

- Мақоми амрикоӣ: Марги Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонем. Ҳенри С. Эншер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволҳо дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мушкили дарёфти визаи амрикоӣ ва масоили дигар посух дод (видео)

- Кори хайр ба ҷои дастурхони азо. Бино ба маълумоти Кумитаи дин, дар як соли ахир беш 7 ҳазор сокини кишвар “ба маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ” ҷалб шуданд. Мақомот мегӯянд, аз сокинон даъват мекунанд, ки харҷи дастурхони маросими азоро ба корҳои хайр сарф кунанд (видео)

- Ба шаҳрвандони хориҷӣ ба фарзандӣ бидиҳем ё на? Эҳтимол дар оянда Тоҷикистон қонун дар бораи фарзандхониро бознигарӣ кунад ва дар навбати аввал дархости онҳоеро иҷро намояд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданд ва мехоҳанд, кӯдакеро аз ватани худ ба фарзандӣ бигиранд (видео)

- Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Идлиб даҳҳо одам осеб диданд. Ба гуфтаи фаъолони маҳаллӣ, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии шабона дар як чанд шаҳри Идлиби Сурия даҳҳо одам, аз ҷумла кӯдакон осеб дидаанд. (видео)

- "Онҳо дар ваҳшатанд". Сармоягузори амрикоӣ Билл Браудер дар бораи "рӯйхати Кремл" сиёсати минбаъдаи таҳримҳои ИМА зидди Русия. (видеои Настоящее время)

- Барфрезӣ дар Москва. Оқибатҳоро меомӯзанд. Дар Москва барфи рекордӣ борид, ки баъзе аз хадамотҳои коммуналии ноҳияҳои пойтахти Русия ба он омода набуданд, бахусус навоҳии атроф. (видео)

- Дар Сибир кӯдакон ғарқ шуданд. Сокинон тазоҳурот доранд. Кӯдакон дар чуқурие афтоданд, ки кормандони коммуналӣ канда буданд. Ин ҳодиса сокинонро ба хашм овард, ки дар назди бинои шаҳрдорӣ даст ба тазоҳурот заданд. (видеои Настоящее время)

- Латтукӯби бераҳмонаи зани афғон барои муносибати маҳрамона. Як зани 22-сола дар ноҳияи Чоҳи Оби вилояти Тахори Афғонистон дар як додгоҳи саҳроӣ аз тарафи шуморе аз мардон мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. (видео)

- Кӣ Раққаро обод мекунад? Тирамоҳи соли гузашта Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА шаҳри Раққаи Сурияро аз тасарруфи гурӯҳи даҳшатафкани "давлатиисломӣ" берун кард, вале ба назар мерасад, ки то кунун эҳёи баъдиҷангии ин истеҳкоми собиқи даҳшатафканон оғоз наёфтааст. (видео)

- "То ҳол бовар намекунам". Чӣ гуна як гузориш ҳаёти Сергейро тағйир дод(видео аз Директ)

- Рӯзноманигори мустақили ӯзбек Дилмурод Саид аз зиндон раҳо шуд: дар 9 соли зиндон ҳам шиканҷаи равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ дид (видео)

- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG