Ссылки доступа

Путин $488 млн қарзи Қирғизистонро бахшид


Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасвиби протоколи байниҳукуматӣ бо Қирғизистон оид ба бахшидани қарзҳои Бишкек дар назди Москваро имзо кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии раҳбари давлати Русия иттилоъ дода мешавад.

Русия соли 2012 розӣ шуд, то тамоми қарзҳои ин кишварро ба маблағи 488,9 миллион доллари амрикоӣ бахшад. Тибқи созишнома, Москва соли 2014 188,9 миллион доллари онро бахшид. Маблағӣ боқӣ давоми 10 сол -- аз соли 2016 то 2025, яъне ҳар сол 30 миллион долларӣ бояд бахшида мешуд. Бар пояи омори 30 апрели соли 2017, Қирғизистон аз Русия 240 миллион доллар қарздор буд.

20 июни соли 2017 дар ҷараёни сафари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Русия протоколи марбут ба Созишнома дар бораи танзими қарзҳои Қирғизистон дар назди Русия аз соли 2012 имзо шуда буд.

Ба огаҳии Вазорати молияи Қирғизистон, баъд аз ба якборагӣ бахшида шудани 240 миллион доллар қарз аз тарафи Русия нисбати қарзи давлатии ин кишварро ба Маҷмуи тавлидоти дохилияш ба 3,8% кам хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG