Ссылки доступа

Дар Намангони Ӯзбекистон даҳҳо сокин аз калапоча заҳролуд шуданд


Дар ноҳияи Касансойи вилояти Намангони Ӯзбекистон даҳҳо сокин заҳролуд шуданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

5 феврал аз соати 6 субҳ то 12 рӯз 36 сокин бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо - дарунравӣ, дарди сар ва қамқувватӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Ин сокинон бистарӣ шуданд ва дар айни ҳол вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.

Ҳамаи заҳролудшудаҳо баъд аз тановули калапоча - ғизое, ки аз сар ва дастони гӯсфанд омода мешавад - худро бад ҳис кардаанд. Сокинон ғизоро 4 феврал аз шахси ношиносе дар бозори марказӣ харидаанд.

Мақомоти тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва андози Ӯзбекистон ба таҳқиқи ҳодиса пардохтанд.

XS
SM
MD
LG