Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, рӯзи чаҳоршанбе тарҳи Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон ва Қонун дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ мавриди баррасии вакилон қарор дода мешавад.
Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки бар асоси референдум дар таърихи 22 майи соли гузашта сурат гирифт, зикр шуд: "Дар моддаи 65-ум, қисми дувум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад."
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад. Ҳоло, ки масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, ки шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот - ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Рустами Эмомалӣ декабри соли 2017 - 30-сола шуд ва то интихоботи ояндаи президентӣ 33-сола хоҳад шуд. Соле пеш Рустами Эмомалӣ баъди собиқаи чандинсолаи раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъин гардид.