Ба иттилои раиси Бунёди Немтсов, маросими расмии кушоиши майдон 27 феврал - дар рӯзи севумин солгарди қатли сиёсатмадор сурат мегирад.
Шӯрои шаҳрии Вашингтон ибтидои моҳи январ бо иттифоқи оро ба ҷонибдорӣ аз қабули фаврии қонун дар бораи номгардонии майдони назди сафорати Русия раъй дод.
Борис Немтсов 27 феврали соли 2017 дар болои Пули калони Москворетск бо силоҳ кушта шуд. Мақомоти Москва намегузоранд, ки тахтаи ёдгории Борис Немтсов болои ин пул гузошта шавад.