Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон: наворгирии фаъолияти нозирони роҳ ғайриқонунӣ нест


Додситонии кулли Қирғизистон ба муовини роҳбари Сарраёсати таъмини бехатарӣ дар роҳҳои ин кишвар Имоналӣ Сарқулов огоҳӣ эълон кард. Дар ин бора аз маркази матбуотии додситонӣ хабар медиҳанд.

Огоҳӣ ба ҳарфҳои Сарқулов рабт дорад, ки пештар гуфта буд, қонунгузорӣ аксбардорӣ ва наворгирии фаъолияти нозирони роҳро бидуни иҷозати худи онҳо манъ мекунад. "Чунин изҳори назар кардани мансабдорон ғайри қобили қабул аст, зеро дар қонунгузорӣ чунин ҳарфе нест", - омадааст дар огоҳии додситонӣ.

Сарқулов пештар гуфта буд, ҳар шаҳрванде, ки фаъолияти нозирони роҳро бе иҷозат сабт ва онро паҳн мекунад, ба додгоҳ кашида хоҳад шуд. Муовини роҳбари Сарраёсат гуфт, қонунгузорӣ сабти бе иҷозатро манъ мекунад.

Фаъолони ҳаракати Safari ин изҳороти Сарқуловро хилофи Конститутсия дониста, ба Додситонии кулл шикоят бурданд.

Моҳи декабри соли 2017 сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов фаъолони созмони Safari-ро танқид кард. Баҳона барои ин танқид навори видеое буд, ки фаъолон ҳангоми баҳс бо нозирони роҳ дар бораи қоидаҳои ҳаракат сабт карда буданд.

XS
SM
MD
LG