Ссылки доступа

Роҳбари шабакаи қиморхонаҳои ИМА баъди айбдоршавӣ дар хушунат истеъфо дод


Стив Уинн, муассис ва роҳбари Wynn Resorts, яке аз бузургтарин ширкатҳое, ки чандин қиморхона дорад, баъди айбдоршавӣ дар хушунаткории ҷинсӣ рӯзи сешанбе аз мудирӣ ва раисии шурои мудирон истеъфо дод.

Уинн дар аризаи истеъфояш навишт, ки наметавонад баъди айбдорсозиҳои беасос ширкатро роҳбарӣ кунад.

10 рӯз пеш нашрияи Wall Street Journal дар матлабе навишт, ки Уинн давоми солҳо аз занони ходими қиморхонаҳояш талаби хизматрасонии шаҳвонӣ мекард. Ба иттилои нашрия, Уинн маҷбур шуд ба ороишгаре, ки дар коргоҳаш бо вай ишқварзӣ карда буд, бештар аз 7 миллион доллар пардозад.

Уинн ин айбҳоро рад мекунад. Сарфи назар аз ин, комисияи иёлати Невада, ки ба танзими қиморхонаҳо машғул аст, пажуҳишеро шуруъ кард. Уинн ҳамчунин маҷбур шуд, аз мақоми раиси молии Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳон истеъфо диҳад.

Уинн дар рӯйхати тӯлонии намояндагони дурахшони Ҳолливуд, расонаҳои амрикоӣ ва ҷаҳони тиҷории ин кишвар охирин нафарест, ки баъд айбдоршавиҳо дар хушунати ҷинсӣ аз мақом истеъфо медиҳад.

XS
SM
MD
LG