Ссылки доступа

Назарбоев ва Ҷеенбеков дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 7 феврал бо ҳамтои қирғизи худ суҳбати телефониеро анҷом додааст. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қазоқистон иттилоъ медиҳад.

Раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва ҳамчунин ҳамкориҳои Остонаву Бишкекро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ кардаанд.

"Раҳбарони ду давлат дар робита ба масъалаҳои доғи байналмилаливу минтақавӣ низ табодули афкор намуда, ҷадвали вохӯриҳои ояндаи худро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.

XS
SM
MD
LG