Санҷиши ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла дар вазоратҳои молия, тандурустӣ, маориф, корҳои дохилӣ ва идораи хадамоти судиҷрочиён идома дорад. То ба поён расидани санҷишҳо мансабдорони баландпояи Доғистон ҳақ надоранд, ба хориҷ сафар кунанд.
Владимир Василев тирамоҳи соли 2017 раҳбари Доғистон таъйин шуд. Ӯ то ин дам ҷиноҳи "Русияи воҳид"-ро дар порлумони Русия раисӣ мекард. Василев баъд аз таъйин шуданаш ба мақоми раҳбарии Доғистон ваъда дод, ки бо иштироки муфаттишони Москва дар ин минтақа санҷиш хоҳад гузаронд. Ба ҳайати комисияи махсусе, ки охири моҳи январ вориди Доғистон шуданд, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва Хадамоти амнияти Русия шомиланд.
Раиси муваққати ҳукумати Доғистон Абдусамад Ҳомидов, ду муовини ӯ ва ҳамчунин вазири пешини маорифи минтақа Шахабас Шахов 5 феврал дастгир шуданд. Онҳо ба дуздии пулҳои буҷа айбдор ва ду моҳ ҳабс гаштанд.
Василев баъд аз боздошти мансабдорони мазкур пешниҳод кард, вазири иқтисоди Тотористон Артем Здунов раиси ҳукумати Доғистон таъйин шавад. Ин пешниҳодро рӯзи чаҳоршанбе Маҷлиси мардумии ҷумҳурӣ ҳам дастгирӣ карданд ва қарор ҳам бо вуҷуди эътирози сокинони Доғистон гирифта шуд, ки мегуфтанд, раиси ҳукумати онҳо набояд шахси бегона таъйин шавад.
РБК пештар бо истинод ба манобеи худ хабар дода буд, Василев мехоҳад, "қоидаҳои бозиеро тағйир диҳад, ки бар асоси он элитаи Доғистон зиндагӣ хоҳанд кард ва дар ин раванд ба Тотористон сахт такя мекунад". Зеро ба гуфтаи ӯ, сатҳи маърифати кадрҳои худи Доғистон паст аст.