Дар миёни ширкатҳое, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, Boeing ва Airbus ҳам ҳастанд. Бархе аз кормандони онҳо номаҳои дурӯғини рахнагаронро боз кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки ҳамлагарон кадом иттилоъро дуздидаанд. Вале аксари тарҳҳое, ки ширкатҳо бо онҳо машғул буданд, махфӣ гардонида шудааст.
Ба иттилои Associated Press, дар ин ҳамла гуруҳи Fancy Bear даст дорад. Мақомоти махсуси ИМА онро ба дахолат дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 ва ҳамкорӣ бо Русия айбдор мекунад. Москва борҳо дастгирии рахнагаронро рад кардааст.
Коршиносон мегӯянд, иттилои дуздидашуда метавонанд ба Русия дар сохтани ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин кумак кунанд.