Ссылки доступа

Баъди рафтани Иноятов, Хадамоти амнияти Ӯзбекистон аз зерсохторҳояш маҳрум мешавад (видео)


Нерӯҳои махсуси дохилӣ, ки баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар соли 2005 аз вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон гирифта ва ба ихтиёри хадамоти амнияти миллии ин кишвар супурда шуданд, дигарбора ба ихтиёри ВКД мегузаранд.

Ин ислоҳот баъди он сурат мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 31 январ "дар бораи бозсозии Хадамоти амнияти миллӣ бо назардошти талаботи муосир" дастур дод.

То кунун дақиқ нест, ки дар баробари нерӯҳои махсуси дохилӣ, кадом сохторҳои дигар ба ихтиёри ВКД мегузаранд. Аммо ба иттилои манбаъҳо аз дохили Ӯзбекистон, зерсохторҳое, ки дубора ба ихтиёри ВКД дода мешаванд, аз ҳисоби беҳтарин ва озмудатарин афсарон ташкил шудаанд.

"Ин зерсохторҳо бо ташаббуси вазири пешини корҳои дохилии Ӯзбекистон Зокирҷон Алматов таъсис шуда буданд. Дар ин сохторҳо онҳое дохил буданд, ки омодагиҳои ҷиддиро доштанд. Баъди ҳодисаҳои Андиҷон эътимоди Каримов ба ВКД коста шуд ва Иноятов ин сохторҳоро ба ихтиёри худ гирифт", - гуфт манбаъ аз шаҳри Тошканд.

Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон 30 январ аз мақом барканор шуд. Вай 23 соли охир ин ниҳодро роҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG