Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ як рӯз пеш аз шуруъи Бозиҳои олимпӣ гузашти низомӣ баргузор кард


Куриёи Шимолӣ як рӯз пеш аз шуруъи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пхёнчхан, гузашти низомӣ баргузор кард. Ба иттилои хабаргузории Associated press, дар ин гузашт наздики 10 ҳазор низомӣ ширкат кардааст.

Чорабинии анъанавӣ бахшида ба солгарди таъсиси артиши Куриёи Шимолӣ, ки одатан моҳи апрел баргузор мешуд, ин дафъа 8 феврал доир гардид. Хабар дода мешавад, ки Куриёи Шимолӣ танқидҳои ИМА ва кишварҳои дигарро дар робита ба манъи баргузории гузашти низомӣ дар остонаи Бозиҳо, нодида гирифтааст.

Пештар Пхеняни расмӣ гуфт, ҳайати Куриёи Шимолӣ ният надоранд, бо ҳамтоёни амрикоияшон дар Пхёнчхан мулоқот кунанд.

Ахиран ноиб-президенти ИМА Майк Пенс аз омодашавии таҳримҳои нави иқтисодӣ зидди Куриёи Шимолӣ хабар дод. Вай гуфт, Вашингтон тасмим дорад, Куриёи Шимолиро ба қатъи барномаи ҳастаӣ ва мушакиаш водор кунад.

XS
SM
MD
LG