Ссылки доступа

Дар Чин минбаъд ҷинояткоронро бо айнаки "ҳушманд" меҷӯянд


Пулиси Чин истифодаи айнакҳои махсуси офтобиро оғоз кардааст, ки шахсияти одамро муайян мекунад. Ба иттилои The Wall Street Journal, ин дастгоҳ шахсияти ҷинояткорро дар 100 миллисония маълум хоҳад кард.

Технологияи нав кори кормандони пулисро дар маҳаллаҳое осон хоҳад кард, ки дурбинҳои назоратӣ надоранд. Бо кумаки ин айнакҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чин аллакай 7 одамеро боздошт кардаанд, ки дар анҷоми ҷиноятҳо даст доранд. Ҳамчунин 26 тани дигаре ошкор карда шудааст, ки ҳуҷҷати сохта истифода мебурдаанд.

Вале истифодаи ин айнакҳо ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, технологияи нав барои таъқиби дигарандешон ва ақалиятҳои қавмӣ истифода хоҳад шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар Чин 170 миллион дурбини назоратӣ насб карда шудааст, ки бузургтарин низоми дурбинҳои назоратии ҷаҳон шумурда мешавад. Мақомоти ин кишвар борҳо барои он танқид шудаанд, ки технологияҳои навро дар таъқиби ақалиятҳои қавмӣ истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG