Ссылки доступа

СММ: дар як ҳафта беш аз ҳазор сокини осоиштаи Сурия кушта шуданд


Бино ба гузориши СММ, аз аввали моҳи феврал то ба ҳол дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар Сурия беш аз ҳазор одам кушта шудаанд. Танҳо бомбаафканиҳои як ҳафтаи ахир ҷони ҳудуди 30 касро рабудаанд. Бештари ин зарбаҳоро нирӯҳои ҳавоии Сурия анҷом додаанд, ки Русия аз онҳо ҳимоят мекунад.

Дар гузориши Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ нимаи аввали моҳи феврал яке аз мудҳиштарин давраи ҷанги Сурия номида шудааст. "Танҳо дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии як ҳафтаи аввали моҳи феврал беш аз 1000 сокини осоиштаи Сурия ҷон бохтаанд", - омадааст дар гузориши СММ.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Сурия, хостори коҳиши фаврии танишҳо дар ин кишвар шуд.

Сухангӯи СММ Стефан Дуярич 10 феврал гуфт, дабири кул “шиддат гирифтани даргириҳо дар саросари Сурия ва фаротар рафтани он аз марзҳои ин кишварро бодиққат пайгирӣ мекунад”. Ба гуфтаи Дуярич, Гутерреш аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Сурия ва минтақа мехоҳад, қонунҳои байналмилалиро риоят карда, барои коҳиши хушунатҳо талош кунанд ва хештандорӣ нишон бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG