Ссылки доступа

Ӯзбекистон барқарорсозии роҳи оҳани Амузанг - Хатлонро оғоз кардааст


Мақомоти Ӯзбекистон барқарор кардани роҳи оҳанеро оғоз кардаанд, ки ин кишварро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд.

Қисмати роҳи оҳани Амузанг - Хатлон соли 2011 хароб карда шуд, ки дар натиҷа ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли мол мувоҷеҳ гаштанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, корҳои барқарорсозии роҳи мазкур рӯзҳои наздик ба поён мерасад ва интизор меравад, нимаи аввали моҳи марти соли равон тавассути он қатор ҳаракат кунад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ қарор аст, ибтидои моҳи март ба Тоҷикистон биояд. Ҳамчунин ҷонибҳо тасмим доранд, миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳаракати қатори мусофирбарро ба роҳ монанд.

Пештар хабар доданд, ки намояндагони Тошканду Тошканд имкони дубора ба роҳ мондани равуои қатор миёни Тоҷикистону Русияро ба воситаи Ӯзбекистон баррасӣ доранд. Сухан дар бораи масири Душанбе-Пахтаобод-Бойсун-Қаршӣ ва Тошгузар меравад, ки ҳудуди Туркманистонро давр хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG