Ссылки доступа

Михаил Саакашвилӣ баъди ихроҷ аз Украина ба Варшава рафт


Президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари "Ҳаракати нирӯҳои нав"-и мухолифи Украина Михаил Саакашвилӣ, ки дар шаҳри Киев боздошт ва ба Лаҳистон ихроҷ гашт, вориди Варшава шуд.

Ба иттилои хабаргузории УНИАН, ӯро на депортатсия, балки ҳамчун шахси ғайриқонунӣ ба кишваре ихроҷ карданд, ки аз онҷо ба Украина ворид шуда буд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Саакашвилиро рӯзи душанбе дар як тарабхонаи Киев афроди ниқобпӯш боздошт карда, ба тарафи номаълум бурданд.

Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки кадом ниҳод вайро дастгир кардааст. Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, дар ин қазия даст надорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дод, ки Саакашвилиро кормандони Хадамоти марзбонии Украина боздошт кардаанд.

Аз боздошти Михаил Саакашвилӣ яке аз раҳбарони "ДНС" Юрий Деревянко ба "Украинская правда" хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, афроди ношинос Саакашвилиро дар тарабхонаи "Cулугуни"-и Киев боздошт карданд. Бино ба иттилои нашрия, дар либоси ин афрод "Хадамоти давлатии марзбонӣ" навишта шуда буд.

Михаила Саакашвили выдворили в Польшу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:53 0:00

Президенти Украина Петр Порошенко моҳи июли соли 2017 шаҳрвандии Саакашвилиро дар кишвараш бекор кард. Мақомоти украин гуфтанд, шаҳрвандии Саакашвилӣ барои он бекор шуд, ки гӯиё ӯ ҳангоми дарёфти он иттилои дурӯғ пешниҳод карда, хабар надодааст, ки дар Гурҷистон зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Сиёсатмадор моҳи сентябри соли 2017 аз Хадамоти муҳоҷирати Украина ҳаққи паноҳандагӣ дархост кард. Додгоҳи Киев 3 январи соли равон ӯро ҳамчун паноҳанда ё шахсе эътироф накард, ки баъди маҳрум шудан аз шаҳрвандии Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад.

Додгоҳи шаҳрии Тифлис 5 январ Саакашвилиро айбдор кард, ки ҳангоми президенти Гурҷистон будан аз мақоми худ сӯистифода кардааст ва дар ғайбаш ӯро се сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба гуфтаи Саакашвилӣ, мақомоти украин қасдан раванди баррасии парвандаи ӯро метезонанд, то барои ихроҷи ӯ аз кишвар асоси қонуние пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG