Ссылки доступа

Зиёиёни ӯзбек аз президент хостанд, муҳоҷири сиёсӣ Муҳаммад Солеҳро ба ватан баргардонад


Шоирони маъруф, нависандаҳо ва адабиётшиносони Ӯзбекистон аз президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дархост карданд, ки барои ба ватан баргаштани шоири маъруф ва роҳбари фирории "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" Муҳаммад Солеҳ мусоидат кунад.

Муҳаммад Солеҳ - котиби якуми пешини Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, вакили пешини мардумӣ, муассиси нахустин ҳаракати сиёсӣ - сар аз соли 1992 дар хориҷ аз ин кишвар зиндагӣ мекунад.

"Мо бисёр мехостем, ки иқдоми навбатии таърихии Шумо баргардонидани шоири фирорӣ Муҳаммад Солеҳ бошад. Аз сабаби таблиғоти нодуруст дар низоми пешин, мардум аз номи Муҳаммад Солеҳ ҳарос пайдо кард. Аммо эҷодкорон ба ҳеҷ ваҷҳ шоири бузургро фаромӯш накардаанд. Муҳаммад Солеҳ дар навбати аввал шоир аст ва баъдан сиёсатмадор", - навиштаанд дар номаашон ба президент шоирону нависандагон.

Моҳи марти соли 2017 Муҳаммад Солеҳ бори аввал ба ҷонибдорӣ аз президент Мирзиёев садо баланд кард. Вале баъдтар Хадамоти амнияти миллӣ Муҳаммад Солеҳро "дар хиёнат ба сохти конститутсионӣ" айбдор кард.

XS
SM
MD
LG